БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БОРИ ДИГАР АҲЛИ БАШАР АЗ ҲАДАФҲОИ НОПОКИ ТЭТ ҲНИ ОГОҲИ ПАЙДО КАРДАНД!

ВОКУНИШ. Аз 16 то 18-уми октябри соли равон дар шаҳри Қоҳираи Ҷумҳурии Арабии Миср конференсияи чаҳоруми Шўрои уламои дини ҷаҳон таҳти унвони «Таҷдиди фатво аз нигоҳи илми назариявӣ ва амалӣ» баргузор шуд, ки дар он Ҳизби наҳзатро ташкилоти террористӣ ва маблағгузори онро душмани инсонияту башарият хонданд.

Конфронси байналмилалии Миср, ки бо ҷалби уламои ҷаҳони ислом баргузор гардид, ба тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ таъсири худро расонид. Ин конфронс бозгўи масоили рўз буда, дар радифи ҳайати намояндагони 73 кишвари ҷаҳон, аз он ҷумла Ҷумҳурии Арабии Миср, Арабистони Саудӣ, Аморати Муттаҳидаи Араб, давлати Кувайт, Қатар, Судон, Малайзия, Туркия, Алҷазоир, Покистон, Ироқ, Федератсияи Россия, Қазоқистон, Қирғизистон, Ўзбекистон, Озарбойҷон, Ҷамоати мусулмонони Аврупо ва ғайра, бо шумули донишмандони соҳаи дин, пажўҳишгарон, муфтиҳо, раисони кумитаҳои дин, намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ширкати фаъолона доштанд. Боиси тазаккур аст, ки иштирокчии ин конф-ронси бонуфуз раиси Шўрои Уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода бо суханони пурмуҳтаво баромади хотирмону мақсаднок дошт.

Саидмукаррам Абдуқодирзода бо шукргузорӣ аз давлати тинҷу соҳибистиқлоли хеш изҳори фараҳмандӣ намуда, аз сиёсати сулҳҷўёнаю хирадмандонаи Пешвои миллат ёдовар шуд. Ў вазъи Тоҷикистонро, ки дар марҳилаи рушд қарор дорад, ба некӣ муаррифӣ намуда, ҳамзамон изҳори ташвиш кард, ки бархўрди фарҳангу тамаддунҳо дар ҳоли ҷаҳонишавӣ на ҳамеша ба Тоҷикистони соҳибистиқлол таъсири мусбат мерасонад.

Дар баромади худ С.Абдуқодирзода ҷиноятҳову хиёнатҳои ташкилоти террористию экстремистии Ҳизби наҳзати исломиро шурўъ аз даст доштани ин ташкилоти террористӣ дар ҷанги бародаркуши шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон баён дошт. «Дар солҳои мавҷудияти Ҳизби наҳзати исломӣ роҳбарон, фаъолон ва аъзоёни ин ташкилоти терористӣ шурўъ аз ташкил кардани ҷанги бародаркуши шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон 141 ҷинояти дорои характери эксремистӣ-террористиро содир намуда, ҷомеаи Тоҷикистонро бо кирдорҳои хеш дар арсаи ҷаҳонӣ доғдор намуданд», - афзуд С. Абдуқодирзода, раиси Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар идомаи суҳбат аз таърих ва хусусияти ҷиноятҳои содирнамудаи хоинони ватан ёдрас шуда, ҳар якеро бо мақсадҳои нопокашон муаррифӣ намуд. Мавсуф ибрози ташвиш кард, ки дар давоми панҷ соли ахир 75 нафар аъзои ТТЭ ҲНИ барои алоқамадӣ бо ташкилотҳои террористии «Давлати исломӣ», «Ҳаракати исломии Ўзбекистон», «Алқоида», «Ансоруллоҳ», «Ҳизби исломии Афғонистон», «Ҳизб-ут-таҳрир», «Ҷамоати Таблиғ» ва «Гурўҳи 24» дастгир ва аз озодӣ маҳрум гардидаанд.

Илова бар ин, далели мушшахас мавҷуд аст, ки «Ҷамоати Ансуруллоҳ» қаноти ҳарбии ҲНИ буда, айни ҳол 521 нафар аъзоёни ТТЭ ҲНИ дар ҳайати гурўҳҳои терористии «Давлати исломӣ» қарор доранд.

Роҳбари ТТЭ ҲНИ М.Кабирӣ баҳри амалӣ намудани мақсадҳои ғаразноки худ бо Назарзода Абдуҳалим Мирзо маслиҳати пешакӣ намуда, дар қаламрави кишвар пинҳонӣ беш аз 20 гурўҳи хурди ҷиноятӣ ташкил намудаанд. Дар партави робитаи мунтазами М.Кабирӣ бо давлати Эрон санаи 02.09.2015 писари Кабирӣ –Тиллозода Руҳуллоҳ бо супориши бевоситаи ў маблағи 1 миллиону 200 ҳазор доллари амрикоиро барои амалӣ намудани ниятҳои хоинонааш ба Ҳоҷӣ Ҳалим додааст. Ҳамин тариқ, нақшаҳои нопоку иғвоангези Ҳоҷӣ Ҳалимро, ки дар мавриди задухўрд 14 нафар кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба ҳалокат расонида шуда, оромии кишвар халалдор гардида буд, Саидмукаррам Абдуқодирзода ин мавзўъро бо исботу далелҳои воқеӣ матраҳ намуд. Кушта шудани 4 сайёҳи хориҷӣ низ санаи 29-уми июли соли 2018 идомаи ҳадафҳои нопоки ҲНИ буд.

Саидмукаррам Абдулқодирзода бо ҳисси баланди ватандориву равшанзамириаш, бо пуштибонӣ аз сиёсати роҳбарияти олии кишвар аз ин минбар ҷомеаи ҷаҳониро бори дигар огоҳ намуд, ки ТТЭ ҲНИ барои устувории сулҳу ваҳдати Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳеҷ манфиате надошта, балки чунин гурўҳҳои ифротӣ мақсад доранд, ки ҷихати ноором сохтани ин кишвари биҳиштосо нақши иғвоангези хешро гузоранд. Бо дарназардошти баррасии чунин мавзўи рўз намояндагони дигар давлатҳо низ фаъолияти ТТЭ ҲНИ-ро маҳкум намуданд. Муфтии собиқи давлати Миср, доктор Алӣ Ҷумъа зимни суханрониаш гуфтааст, ки ТТЭ ҲНИ яке аз дастпарварони «Ихвон-ул-муслимин» аст. Ҳадафашон ташкили бесарусомонӣ дар кишварҳо мебошад. Дигар шахсиятҳои бонуфузи ин конфронс суханони С.Абдуқодирзодаро пуштибонӣ намуда, барои мардуми шарифи Тоҷикистон саломативу тинҷӣ, сулҳу ваҳдати комилро таманно карданд.

Бо назардошти баргузории чунин як ҳамоиши судманд мо - сокинони кишвар, бахусус ходимони динро лозим аст, баҳри боз ҳам устувор нигоҳ доштани сулҳу суботи кишвар талош варзем. Кўшиш намоем, ки нафарони хиёнаткор натавонанд ба амалигардии мақсадҳои нопокашон комёб шаванд. Имрўз, ки сиёсати давлатидории мо бо иқдомҳои неку созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Чумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пойбарҷост, албатта, имрўзу ояндаи дурахшон насиби мардуми шарифи Тоҷикистони соҳибистиқлол хоҳад буд.

Эмхамадов Раҳимҷон – Гуруҳи вакилии ҲХДТ дар Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ҷайҳун

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg