ПАНҶ. Дар доираи “Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ”. Ҷиҳати баррасӣ намудани самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва фаҳмонда додани эълон шудани соли 2019 Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ дар ташкилоти ибтидоии ба номи “Имом Машрабов”-и ҷамоати деҳоти Озодагон мулоқот доир гардид.
Дар ин асно раиси ташкилоти ибтидоӣ Назаров Маҳмадалӣ дар якҷоягӣ бо аъзо ва ҷонибдорони ҳизб тасмим гирифтанд, ки ҷиҳати иштирок дар ободонию бунёдкориҳо гирду атрофи боғи назди чойхонаи маҳалро тоза карда, бехи дарахтони мевадиҳандаро нарм карда, ба ҷои дарахтони хушкшуда ниҳолҳои нав шинонданд.