ШАҲРИТУЗ.Ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ. Дар ташкилоти ибтидоии «Гулистон»-и ҷамоати деҳоти ба номи Талбак Садриддинови ноҳияи Шаҳритуз оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ баргузор гардид.
Хониши сиёсӣ аз ҷониби раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ Шаропов Ҳомидҷон ва вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия Бегзода Зафар вобаста ба сиёсати ватанпарастонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҳизбӣ баррасӣ карда шуданд.
Инчунин, дар партави Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” сокинон ба рангубор кардани қисмати берунии дару деворҳои хонаҳои истиқоматӣ саҳм гузоштанд. Ҳамзамон дар ин раванд бо дастгирии вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия Бегзода Зафар ба ятими кули муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №37, хонандаи синфи 6-ум Очилдиев Шаҳзод сару либоси мактабӣ туҳфа карда шуд.