КУШОНИЁН. Ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ
дар ташкилоти ибтидоии “Хокшиносӣ”- и ҷамоати деҳоти Сарвати Истиқлоли ноҳия оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб ъхониши сиёсӣ доир гардид.
Намояндагони Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ дар бораи сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҳизб андешаронӣ карданд.
Дар охир кормандони ташкилоти ибтидоӣ ҷиҳати амалӣ намудани Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” ба як нафар шахси ниёзмандиҷомеа Қурбонов Мурод маводҳои хӯрокворӣ кӯмак расониданд.