КӮЛОБ. Дар доираи Солибаландбардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Созандагон - 3” бо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ мулоқот баргузор гардид.
Зимни мулоқот мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Мунаввараи Бозоралӣ иштирок ва баромад намуданд.
Нахуст, Мунаввараи Бозоралӣ гуфт, ки дар лаҳзаҳои барои Ватан ҳассос ва тақдирсоз Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди ягон ақидае ё фарде ва ё ташкилоте, чӣ дар дохили давлат ва чӣ дар хориҷи он сар нафароварда, бо нияти неки худ содиқ монда, ҳамватанони ба гирдоби фоҷиа гирифторро раҳо карда, шӯълаи умедро дар дили ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ ба фардои нек афрӯхтанд. Ҳамин меҳру муҳаббати беандозаи Пешвои миллат нисбат ба Ватан буд, ки ҷомеаи парешонгаштаву навмегардидаи тоҷиконро зери ғояҳои Ваҳдати миллӣ ба ҳам оварда, миллати тоҷикро дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун миллати тамаддунофар шиносонд.
Ҳамзамон таъкид шуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҷҷасумгари симои тоҷик ва амалкунандаи орзуву ормонҳои ҳазорсолаи гузаштагони ин миллат аст ва месазад, ки зери сиёсати сулҳпарварона ва хирадмандонаи ин абармард мо ҷавонон гирд омада, баҳри амнияту осоиштагиву рушду нумуи Ватан пайваста иқдом намоем.