ДАНҒАРА. Дар ростои Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Корез”-и деҳаи Рахшонзамин хониши сиёсӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ баргузор гардид.
Дар хониши сиёсӣ Каримов Пирмаҳмад раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ оид ба оғози татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ-саноатикунонии босуръати Тоҷикистон ва Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ андешаҳои хешро баён карда, ҳамагонро ҷиҳати дар сатҳи баланди сиёсӣ-фарҳангӣ таҷлил кардани 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ раҳнамоӣ кард.