ВАХШ. Ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ. Дар ташкилоти ибтидоии «Шаҳриёри»-и ҷамоати деҳоти Ваҳдати ноҳияи Вахш оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб вохӯрӣ доир гардид.
Намояндагони Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ атрофи сиёсати дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҲХДТ андешаронӣ намуданд.
Баъдан дар доираи Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» иштирокдорон ба тоза кардани ҷўйҳои обрав машғул шуданд.