БОХТАР. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар маҳаллаи Зархеи шаҳри Бохтар оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ доир гардид.
намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳр дар андешаронии худ иброз доштанд, ки ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ тозаву озода намудани маҳал, ҷӯю заҳбурҳо вазифаи ҳар яки мо сокинон мебошад. Зеро тозагӣ гарави саломатӣ буда, ба симои маҳалли зистамон ҳусни зебогиро зам менамояд.