ПАНҶ. Дар доираи “Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ”.
Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ дар ташкилоти ибтидоии “Шифо”-и назди Беморхонаи ноҳиявӣ маҷлиси ботантанаи ҳизбӣ доир гардид.
Масъулони Кумитаи иҷроияи ноҳия баъди баромадҳои судманди худ ба нафароне, ки нав ба сафи Ҳизби Халқии Деморкратии Тоҷикистон шомил гардиданд, шаҳоданомаҳои ҳизбиро дар вазъияти тантанавӣ супориданд.