БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ОГОҲИНИДАНИ ҶОМЕА АЗ ХАТАРҲОИ ИМРӮЗА БА ХОТИРИ АМНИЯТУ ОСУДАГИИ МАМЛАКАТ

КӮЛОБ. Дар доираи Соли баландбардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Бо маром идома ёфтани суҳбату вохӯриҳо миёни мардум ва огоҳидани онҳо аз хатарҳои имрӯза ба хотири амнияту осудагии мамлакат дар доираи эълон шудани соли 2019 барои сохторҳои ҳизбии вилоят ҳамчун “Соли баланд бардоштани масъулияти шҳрвандӣ” саривақтӣ ва амри зарурист.

Дар доираи ин барои ташаккул додани фарҳанги техникӣ ҷиҳати истифодаи дуруст аз технологияи муосир ва шабакаҳои иҷтимоӣ бо мақсади пешгирӣ аз хатарҳои марбут ба истифодаи нодурусти онҳо бо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии “Навобод” вохӯрӣ баргузор гардид.

Зимни вохӯрӣ кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Самадзода Сайёҳат ва роҳбари ташкилоти ибтидоӣ Қувватова Иззатмоҳ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Да раванди  суҳбат аз ҷониби корманди масъули ҳизбӣ гуфта шуд, ки дар шароити муосир масъалаи шакли истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ ва дар маҷмӯъ технологияи навин ба яке аз масъалаҳои доғи рӯз табдил ёфтааст.

Дар фарҷом гуфта шуд, ки пайдоиш ва рушди унсурҳои номатлуби ба он алоқаманд моро водор месозад, ки ташвиқгари истифодаи дуруст ва мақсадноки он бошем.

Зимни Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” бошад, ба як нафар оилаи ниёзманди деҳа маводҳои ғизоӣ кӯмак расонида шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg