Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум!

ТЕРРОРИЗМ ХАТАРИ ҶИДДИ АСТ!

ВАХШ. Дар доираи Соли баланд бардоштани  масъулияти шаҳрвандӣ.

Дар ташкилоти ибтидоии «Наврафтор»-и ҷамоати деҳоти Ваҳдати ноҳияи Вахш дар мавзӯъи «Баланд бардоштани сатҳи огоҳии мардум дар мавриди хатари терроризму экстремизм бо мақсади пешгирӣ аз ҷалби шаҳрвандон ба ташкилотҳои экстремистиву террористӣ» вохӯрӣ доир карда шуд.

Дар вохӯрии мазкур раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ Маҳмадов Одилҷон ба сухан баромада,  тазаккур дод, ки ҷомеаи муосир, ки пур аз таҳаввулоту бархурдҳо буда, рақобати давлатҳои абарқудрат дар васеъ кардани доираи нуфузи худ дар ҷаҳон шиддат мегирад, падидаҳои экстремистиву террористӣ дошта, дар шаклу қолабҳои нави харобиовар зуҳур карда истодаанд.

Ҳамзамон,  муавсуф қайд кард, ки мутаассифона, терроризму эктремизм дар замони мо хусусияти ҷаҳонӣ касб намуда, ҳизбу ҳаракатҳо ва созмонҳое ҳастанд, ки  кӯшиш менамоянд, мақсаду  маром, ғояву андеша, афкор ва нақшаҳои  худро бо ҳар роҳу васила ва ҳатто бо усулҳои ғайриинсонӣ ба амал  оварда, кишварҳои ободу пешрафтаро ба харобазор табдил диҳанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg