БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

КОРРУПСИЯ МОНЕАИ ҶИДДӢ ДАР РОҲИ РУШДИ ИҚТИСОДИЮ ИҶТИМОИИ КИШВАР МЕБОШАД!

Ҷ.БАЛХӢ. Дар доираи “Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ”.  Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «КДФ Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул»-и ноҳия атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ бо иштироки мутахассиси шуъбаи ташкили ва баҳисобгирии КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Асоев Хизирдин хониши сиёсӣ баргузор гардид.   Масъулин оид ба масъалаҳои муҳими рӯз суҳбат ороста зиёдтар атрофи коррупсия мубоҳиса карданд. Аз ҷумла қайд карданд, ки Коррупсия дар ҷаҳони муосир аз ҷумлаи монеаҳои ҷиддӣ дар роҳи рушди иқтисодию иҷтимоии кишварҳо ва риояи ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон маҳсуб меёбад. Муқовимат бо коррупсия ҷузъи муҳимми сиёсати ҳуқуқии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Бояд таъкид кард, ки мақсади ниҳоӣ аз мубориза алайҳи Коррупсия устувор намудани арзишҳои демократӣ дар ҷомеа, эҳтироми ҳуқуқи инсонҳо ва пешгирӣ кардани пайомадҳои номатлуби он аст, на ин ки поймол сохтани принсипҳои демократия, ва ҳуқуқҳои инсон мебошад.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg