
ВОКУНИШ.Раиси ҳизби дар кишвар мамнуъи наҳзати исломӣ дар як навори телевизионӣ дар шабакаи «Ютуб» аз омодагӣ дар мавриди бунёди модели давлатдории Ҷумҳурии Демократии Дунявии Тоҷикистон ибрози андеша намуда, дар ин самт мақсаду ҳадафи «Паймони миллии Тоҷикистон» -ро ба иборае «мушаххас» сохт.
Ин чеҳранигорӣ ва таҳлили сиёсии М. Кабирӣ бори дигар аз бозиҳои пасипардагӣ ва бозингари асосӣ будани ӯ дар тими «паймони миллӣ» дарак дода, дар корҳои сиёсӣ ҳамчун сипари «боэътимод» истифода бурдани дини мубини ислом аз назари бинанда орӣ намемонад. М. Кабирӣ дар идомаи суҳбат динро «кори калбӣ, кори фардӣ ва кори як ҷомеа» муаррифӣ карда, рӯи рост манфиатҳои ҳизби наҳзати исломиро сарфи назар месозад. Чунин мавқеъгирӣ ва ироаи андеша аз заъфи сиёсии Кабирӣ ва ҳизби наҳзати исломӣ дар хориҷи кишвар дарак дода, ин тоифа афрод ғоибона эҳсос кардаанд, ки мардуми Тоҷикистон дар доираи афкори ин ҳизб ва бунёди давлати исломӣ ба ҳеҷ ваҷҳ омода ва тарафдор нестанд.
Чунин тарзи фаъолияти Кабирӣ ва кабирисуратон ибораи омӯхташудаи «Сари зулфи ту набошад, сари зулфи дигаре»-ро ба умқи хотирҳо оварда, рушан мегардонад, ки чун аз рӯи манфиатҳои ҳизби наҳзати исломӣ ба ҳадаф нарасиданд, роҳи дигар, яъне таъсиси «Паймони миллии Тоҷикистон»"-ро рӯи кор гирифтанд. Аз чунин тарзи таҳлили «сиёсӣ»-и Кабирӣ метавон омӯхт, ки ҳизби наҳзати исломӣ дар хориҷ ҳамчун турбати пӯсида ва аҳзоби ба ботлоқи нобудӣ афтидаро мемонад, ки рӯз аз рӯз доираи тарафдоронаш аз мавҷудияти он дар гурезанд. Агар не, чаро Кабирӣ дар баромадҳояш дигар доир ба вазъи воқеии ҳизби наҳзати исломӣ ва доираи фаъолияти сиёсии он камтару камтар суҳбат мекунад?
Гарчанде ки «Паймони миллии Тоҷикистон» дар заминаи ба ном афкори «сиёсӣ»-и якчанд ҷунбишу ҳаракатҳои мухолиф ба сиёсати имрӯзаи давлат рӯи кор омадааст, аммо ҷаноби Кабирӣ аз онҳо (манзурам роҳбарияташон) қариб, ки ном намебарад. Эҳсос мешавад, дар ҳайати «паймон» ӯ ҳамчун шахси яккатоз дигар ҳамсафонашро имкони баромаду сухан гуфтан намемонад.
Ба ҳар сурат вақт собит хоҳад кард, ки тақдири қуттии холии «Паймони миллии Тоҷикистон» ба чӣ анҷом хоҳад ёфт. Зеро шахсе, ки ба пешрафту шукуҳфоиии Ватан бадназар аст дар кору амалаш низ баракат нахоҳад буд.
Умедворем, ки умри «Паймони миллии Тоҷикистон» ҳамшабеҳи ҳизби наҳзати исломӣ кӯтоҳ ва ҳамчун ташкилоти кисагӣ дар миёни ҳамватанон тарафдор нахоҳад ёфт.
Шерова Фарида, узви Гурӯҳи вакилии ҲХДТ дар Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ш. Шоҳин