ПАНҶ. Дар доираи “Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ”. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии ба номи “Кабут Сайфутдинов”-и нохияи Панҷ бо иштироки аъзо ва ҷонибдорони ҳизб вохўрӣ доир гардид.
Дар он масъулон қайд карданд, ки ҳизбиёнро мебояд бо мардуми маҳал ҳамкориро густариш дода, иртиботро бо деҳот пурзӯр намуда, вазифаи ҳар шаҳрвандро дар раванди рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар муайян созад. Боиси қайд аст, ки Давлату Ҳукумат ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолии мамлакат ба ғизои хушсифат, инчунин, вусъатдиҳии шуғли пурмаҳсулро ҳамчун ҳадафҳои стратегии худ интихоб намуда, нақшаи гузариши иқтисодиёти кишварро аз шакли аграрӣ - индустриалӣ ба индустриалӣ - аграрӣ амалӣ намуда истодааст.
Дар охир бо ҷалби фаъолон, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии ба номи “К.Сайфутдинов” ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ баҳри тозаву озода нигоҳ доштани маҳали зист ва анҷоми корҳои созандагиву ободонӣ дар доираи аксияи тарғиботӣ- амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» як қатор корҳои муҳим анҷом дода шуд.