Ш.ШОҲИН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии «Беморхонаи Доғистон» оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ хониши сиёсӣ доир карда шуд.
Намояндагони Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ дар бораи сиёсати бобарори Пешвои миллат ва ҳадафҳои созандаи ҳизби пешоҳанги ҷомеа андешаронӣ намуда, иброз доштанд, ки ҷомеаи солим дар пешрафти давлат нақши муҳим дошта, ҳар як корманди соҳаи тандурустиро лозим аст, ки дар таъмини сиҳатии омма саъю талош варзанд.
Инчунин, масъулин дар идомаи суҳбат доир ба истиқболи сазовори ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатӣ андешаҳои хешро баён карда, ах ҷамъомадагон ҷиҳати дар сатҳи баланди сиёсию фарҳангӣ таҷлили намудани ин санаи муҳими таърихӣ саҳми арзанда гузоранд.