ШАҲРИТУЗ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии «Абрешим»-и ҷамоати деҳоти ба номи Талбак Садриддинови ноҳияи Шаҳритуз бо вохӯрӣ доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ баргузор гардид.
Раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ Шаропов Ҳомидҷон дар бораи ҳадафҳои асосии сиёсати дохилӣ ва берунии кишвар ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз суханронӣ намуд.
Инчунин, мавсуф оид ба сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳарф зада, аз ҳар як сокини кишвар барои саҳм гузоштан дар ободонии Ватан даъват ба амал овард.