БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ – ПАЙВАСТА НИЁЗМАНДОНРО ДАСТГИРӢ МЕНАМОЯД!

ҶАЙҲУН. Ба истиқболи сазовори ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатӣ. Бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун дар ташкилоти ибтидоии «Истиқлол» оид ба амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Маҷлиси Кумитаи иҷроияи Марказӣ санаи 7 феврали соли 2019 баён доштанд хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Дар он мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Зайдуллоев Муҳамадҷоништирок намуда қайд кард, ки ҳадафи аслии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ин дар паҳлуи халқ будану мардумро ба корҳои созандагию бунёдкорӣ раҳнамун намудан аст. ҲХДТ- ҳизби мардумист ва барномаи он танҳо барои манфиатҳои халқ равона гардидааст. Ва шиори ҳизб таҳти унвони “Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум!” бозгӯи он аст, ки мақсади асосиаш таъмини зиндагии босаодати мардум мебошад.

Дар доираи амалии Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» бошад бо дастгирии раиси ташкилоти ибтидоии болозикр ба як оилаи эҳтиёҷманд кӯмаки моддӣ расонида шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg