ПАНҶ. Ба истиқболи сазовори ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатӣ. Бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ дар ташкилоти ибтидои “Кўҳсор”-и ҷамоати деҳоти Озодагон бо роҳандозии Аксияи тарғиботӣ - ҳизбӣ таҳти унвони "Якҷоя ҳал мекунем!" вохӯрӣ доир гардид.
Нахуст дар вохӯрӣ Файзиев Каримҷон – раиси Кумитаи иҷроияи ҳизби ноҳия ба сухан баромада, оид ба сазовор истиқбол намудани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ андешаронӣ намуд.
Дар ҷараёни корҳои ободонӣ сокинон масофаи 2 км ҷўйи обгузари маҳалларо аз лой ва партовҳо тоза карда карданд. Чунин ташаббусҳо бо саҳми аҳли деҳа дар дигар деҳаву маҳаллаҳо бо суръат идома дорад.