БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

СЕМИНАР-МАШВАРАТИ ҲИЗБӢ САДОҚАТИ СОКИНОНИ МАҲАЛРО БА ВАТАН ДУЧАНД НАМУД

ДӮСТӢ.  Дар доираи  Соли баландбардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии  “Маорифчиён”  семинар-машварати ҳизбӣ   бо иштироки  Раиси Кумитаи иҷроияи вилоятии ҳизб  Раҳмонзода  Абдулло Қурбоналӣ,  узви Кумитаи иҷроияи вилоятӣ ва ноҳиявии ҳизб, раиси ноҳия  Саидзода Нурмуҳаммад доир гардид.

Инчунин, дар семинар-машварати  ҳизбӣ,  вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия,  роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, раисони  ташкилотҳои ибтидоӣ дар  деҳаву маҳал, эмомхатибону аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ  ширкат варзиданд.

Зимнан масъулин аз гармхона  ва сехи дӯзандагии ташкилоти ибтидоӣ дидан намуда, ба  меҳнату ҳунаромӯзии  занону духтарон таҳсину офарин хонда, ба онҳо  маслиҳатҳои муфид  доданд.

Ҳамзамон  дар рафти семинар-машварат   Раҳмонзода Абдулло доир ба сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳадафу мақсадҳои  созандаи ҲХДТ дар таҳкими сулҳу суботи кишвар  андешаронӣ намуд.

Дар қисмати амалии Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!”  дар ташкилоти ибтидоии “Найсон” корҳои  ободонӣ  роҳандозӣ гардида, аз  рафти сангфаршкунии роҳи дохили деҳа  ҳамагон дидан намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg