Ш.ШОҲИН. Ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ. Мувофиқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар доираи баргузории Аксияи тарғиботӣ- амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» ҷиҳати сазовор истиқбол гирифтани ҷашнҳои милливу давлатӣ бо ҷалби аъзо ва ҷонибдорони ҳизб дар деҳаи Доғистони ҷамоати деҳоти Доғистон корҳои ободонӣ доир карда шуд .
Дар корҳои ободонӣ иштирокдорон гирду атрофи бинои ҷамоати деҳоти Доғистонро аз партову хасу хошок тоза карда, дар саҳни муассисаи мазкур дарахтони сояафкану мевадиҳанда шинониданд.