ПАНҶ. Дар доираи “Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ”. Чорабинии навбатии масъулони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ дар ташкилоти ибтидоии “Авангард”-и ҷамоати деҳоти Озодагон бо аъзо ва ҷонибдорони ҳизб баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ масъулин мафҳуми терроризми динӣ ва ифротгароии хурофотиро ба иштирокдорон фаҳмонида доданд. Яке аз роҳҳои чалб намудани чавонон ба гурӯҳҳои террористӣ истифода аз дин ва хурофоти динӣ мебошад, ки мутаасифона он амалан истифода шуда истодааст. Имрӯз вақти он расидааст, ки волидон бо масъулияти баланди шаҳрвандӣ нисбат ба сарнавишти фарзандони худ бодиққаттар бошанд, барои онҳо шароити хуби ичтимоӣ ва таҳсилро фароҳам овараданд.
Ҳамчунин оид ба роҳандозии Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» ибрози андеша шуда, аз иштирокдорон даъват ба амал оварда шуд, ки баҳри ободу зебо намудани Ватани азизамон бо корҳои ободонию бунёдкорӣ саҳмгузор бошанд.
Дар охир, сокинони маҳалла барои рохандозии корҳои ободонӣ ва бунёдкорӣ чойхонаи маҳалро таъмиру обод намуданд.