БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

АРТИШ СИМОИ МИЛЛАТ ВА УМРИ ДАВЛАТ АСТ

КУШОНИЁН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии ҷамоати деҳоти “Заргар”-и ноҳияи Кушониён намояндагони Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ бо сокинон вохӯрӣ  доир намуданд.

Масъулин зимни вохӯрӣ дар мавзӯъи таблиғи арзишҳои ҷомеаи демократию ҳуқуқбунёд ва дунявӣ, вазъи фазои динӣ, мубориза бар зидди тақлидкорию хурофотпарастӣ, ташвиқи арзишҳои асили миллӣ, фарҳанги муосир ва анъанаҳои неки мардумӣ, инчунин дӯст доштани ва ҳифзи марзу буми кишвар андешаронӣ карданд.    

Масъулин зимни суханронӣ иброз доштанд, ки садоқат ба Ватан – Модар ва  хизмат дар сафҳои Қувваҳои  мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои насли ҷавон муҳимтарин мактаби ҷавонмардӣ ва матонату обутоби ҳаёт мебошад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg