ҚУБОДИЁН. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Кайқубодшоҳ”-и деҳаи Баҳористони ҷамоати деҳоти ба номи Носири Хусрави ноҳия оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ хониши сиёсӣ доир карда шуд.
Мудири шуъбаи таблиғот, иттилот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб Абдуллоев Ваҳобиддин дар бораи самтҳои муҳими хоҷагии халқи мамлакат, дастуру супоришҳои Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Маҷлиси КИМ ҲХДТ ироагардида суханронӣ намуд.
Ҳамзамон мавсуф дар охир сокинонро барои иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Роҳбари давлат, ки ба рушду нумуи Ватан равона карда шудааст, раҳнамоӣ намуд.