Ҷ.БАЛХӢ. Дар доираи “Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ”. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ”-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ хониши сиёсӣ баргузор гардид.
Дар он Абдулҳаев Маҳмадсаид раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия иштирок дошта, оид ба дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин фаъол гардонидани одамон дар ҳалли масъалаҳои иҷтимоии мавҷуда аз роҳи тарғиби дуруст сафарбар намудани корҳои хайру сахо, ташкили ҳашарҳо баҳри ободонии ноҳия ва муассиса, ҷиҳати пешгирии аҳолӣ аз сироятёбӣ аз бемориҳои паҳншаванда ва тоза намудани заҳбуру заҳкашҳо, роҳҳои пешгирии бемориҳои сироятӣ ва дар доираи Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” суханрони намуд.