БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ДАР НИҲОДИ КАБИРӢ БА ҶУЗЪ ТУҲМАТУ ҒАРАЗУ КИНАҶӮӢ НИСБАТИ МИЛЛАТ ВА ДАВЛАТИ МО ЧИЗИ ДИГАРЕ ҶОЙ НАДОРАД!

ВОКУНИШ. Ҳар як давлати соҳибистиқлол барои рушди соҳаҳои  хоҷагии халқи мамлакат ва беҳтарсозии шароити зиндагии сокинонаш бо соири кишварҳои дунё ҳамкориҳои судмандро ба роҳ монда, дар ин самт иқдомҳои созандаро роҳандозӣ месозад.

Ахиран, роҳбари «паймони миллӣ» Муҳиддин Кабирӣ дар шабакаҳои Ютуб оид ба вазъи иқтисодию  иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуда, худро ҳамчун шахси «сиёсӣ ва дар як вақт иқтисоддон» ба намоиш гузошт.

Муҳиддин Кабирӣ атрофи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  суҳбат ороста дар соли ҷорӣ буҷаи пешбинишударо  2,5 млрд  муаррифӣ карда, меафзояд, ки дар чор соли охир буҷети давлат 1 млрд доллар кам шудааст. Ин бешараф ба кадом манбаи молиявӣ такя менамояд, чӣ гуна таҳлил мекунад, ба касе маълум нест. Танҳо рақамҳоро аз монитори ноутбукаш  наздик мебинаду аз натиҷаи таҳлили мисли худаш асолатбохтаи кадом аз ташкилоти хориҷии манфиятҷӯ ба доираи ҳаводоронаш «паём»  мефиристад.

Аз суҳбати ӯ эҳсос кардан мумкин аст, ки гуё то он вақте  Ҳизби наҳзати исломӣ дар Тоҷикистон фаъолият дошт, аниқтараш то соли 2015 иқтисоди Тоҷикистон дар ҳоли рушд буд.  Таҳлили сарсарии дур аз  воқеият, яъне ба ақидаи ӯ ҳизби наҳзати исломӣ дар садади  иқтисоди кишвар қарор доштаву буҷети як давлатро аз сатҳи пешгирии таваррум ва баланд гардидани нархҳои маҳсулот дар бозорҳо нигоҳ медошт. Таҷриба ва  таҳлили хеле хандаовару бемантиқ.  Ҷойи дигар   ӯ  буҷети Тоҷикистонро ба клубҳои футболи Аврупо, бахусус Британияи Кабир муқоиса карда, зиёд маблағ доштани онҳоро аз сатҳи буҷети  як давлат бо  тамасхур арзёбӣ месозад.

Бале, буҷаи давлатҳо, лигаҳо, ташкилотҳо дар сатҳи ҷаҳон вобаста ба мавқею нуфуз ва имконияти истеҳсолии онҳо вобастааст. Агар Кабирию кабирипарастони хоин мардумро бар пояи ақидаҳои  ботилу бегонапарастию дур аз фазилатҳои  поки дини ислом аз гузашта то имрӯз тарғиб намекарданду чеҳраҳои саршиноси ин миллатро бо дастнишондоди хоҷагони хориҷиашон аз байн намебурданд, имрӯз Тоҷикистон аз нуқтаи назари иқтисодию иҷтимоӣ дар сайёра хеле пешрафта мегардид. Ҷойи давлатсозӣ дар ростои солҳои аввали соҳибистиқлолият ҳаводорони наҳзатӣ ва падарони маънавии ин афрод мардумро ба майдони ҷангӯ хунрезӣ тарғиб  карданд.

Натиҷа ҳамин шуд, ки дар ин ҷанги хонумонсӯз ба хоҷагии халқи мамлакат  зиёни зиёди иқтисодӣ расида, ҳазорҳо ҳазор ҳамватанони мо ҷони худро аз даст доданд. Ҳангомаҳои Кабирӣ ва кабирипарастон аз сатҳи қарзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  инчунин  сарфу харҷи маблағҳои қарзию грантӣ барои бунёди Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» асоси воқеӣ надошта, дар ниҳоди чунин афрод ба ҷузъ  туҳмату ғаразу кинаҷӯӣ нисбати миллат ва давлати  мо  чизи дигаре  ҷой нахоҳад дошт.

Туҳмат задани М. Кабирӣ дар мавриди харҷи маблағҳои буҷети давлатӣ кори доимии ӯву тарафдоронаш буда, аз дӯздию ғайриқонунӣ фаъолият карданаш, ба монанди хариди хонаву дар, мошинҳои қиматбаҳо ва марказҳои савдо дар кишвар доштанаш ва дарёфти сарчашмаҳои ҳангуфти  маблағҳо боре ёдовар  намешавад.   

Дар урфият мегӯянд, ки «Дузди зӯр забони соҳиби говро бастааст». Дуруст аст, ки Кабирии дузд аз дуздиҳои худу  ҳаводоронаш фаромӯш сохта дар кишварҳои аврупоӣ ба айшу ишрат машғул аст.  Ҳамон рӯзе, ки бе маблағ монд  дар экранҳои шабакаҳои иҷтимоӣ пайдо мегардад. Баъди ҳар баромад бо маблағи доираҳои манфиатдор муддате ба айшу нуш ва истироҳат машғул мешавад.

Мутмаинам, ки ин нохалаф дигар ба мақсад намерасад. Зеро мардуми Тоҷикистон як маротиба аз флешбаромадҳои чунин афроди фурӯхташуда  дарди  ҷонкоҳ дидаю  имрӯз сиёҳро аз сафед фарқ  мекунанд.

Пешниҳод мекунем, ки Кабирӣ барои дар дастаҳои футболи Баританияи Кабир ба ҳайси шореҳ кору фаъолият кардан имкони хеле фаррох дорад. Чунки ин дастаҳо миллиардеранд ва  ба уву ҳампаймонҳояш маблағи  зиёд хоҳан дод.

Толибҷон Назарзода,  раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg