БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТОҶИКОН МИЛЛАТИ СОЗАНДАВУ БУНЁДКОРАНД!

ҶАЙҲУН. Дар доираи “Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ”. Бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Офтобак» бо иштироки мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Ализода Фарзона ва мутахассиси шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуотӣ Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Ғаффорова Насимахон хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Дар чорабинӣ кормандони масъули Кумитаи иҷроия атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ муфасал суханрони намуда, қайд намуданд, ки миллати тоҷик аз давраҳои дури таърих бо эҳёи анъанаҳои писандидаи хеш аз мавҷудияташ дарак дода, дар олами фарҳангу адаб мақому манзалати чашмрас ба даст овардааст.

Даврони истиқлолият ба корҳои созандаи нав заминаи мусоид фароҳам овард. Мардум калиди дари иқболи худро дар эҷоду бунёди сохтмонҳои азими ҷумҳурӣ тасаввур намуда, дар ин ҷода корҳои назаррасеро анҷом доданд.
 Дар қисмати амалии Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем» аъзоёни ташкилоти ибтидоии болозикр дар назди ташкилот гулу гулбӯтаҳои ороиширо дастаҷамъона шинониданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg