ХОВАЛИНГ. Дар ташкилоти ибтидоии “Дараи Мухтор”-и ҷамоати деҳоти Ҷомбахт хониши сиёсӣ гузаронида шуд.
Намояндагии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Ҳасан Қурбонов дар бораи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ба таври муфассал маълумот дод.
Ҳамчунин, мавсуф дар баромадаш қайд намуд, ки бо меҳнати аҳлона дар сабзу хуррам гардонидани маҳали зист ва диёри зебоманзари Ховалинг саҳми арзандаи худро мегузоранд.
Баъдан дар асоси Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” дастаҷамъона ба кор баромада, бехи дарахтони ду шафати роҳи деҳаро нарм карданд.