ҲАМАДОНӢ. Ба истиқболи сазовори ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатӣ. Дар ташкилоти ибтидоии «Қаҳрамон» хониши сиёсӣ ва иҷрои амалии Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» бо иштироки намояндагони Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ гузаронида шуд.
Масъулин дар назди ҷамъомадагон доир ба ҳадафҳои барномавии ҲХДТ фикру андешаҳои хешро баён карда, зикр намуданд, ки ки қабули «Барномаи Ислоҳоти соҳаи оби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2025», ки ҳадафи асосии он гузариш ба идоракунии муосири захираҳои об ва ҷалби сармоягузориҳои нав барои ҳаллимушкилоти об дар кишвар ба ҳисобмеравад, иқдоми саривақтӣ буда, яке аз масъалаҳои асосие, ки таваҷҷуҳи махсусро талаб менамояд, таъминоти аҳолӣ бо оби босифати ошомиданӣ мебошад.
Сокинони деҳаи Қаҳрамон дар иҷрои амалии Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» ба тоза кардани ҷӯйборҳои обёрикунандаи байни деҳа ва сафед кардани дарахтон машғул гардиданд.