ФАРХОР. Ба истиқболи ҷашни сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ. Намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия бо мақсади тарғиби ҳадафҳои барномавии ҲХДТ ва дар ростои Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ дар ташкилоти ибтидоии «1-май»-и ҷамоати деҳоти «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон» хониши сиёсӣ доир намуда, ҳамзамон бо ҷалби аъзо ва ҷонибдорони ҳизб корҳои ободониро дар доираи Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» ба роҳ монданд.
Дар Аксияи ҳизбӣ сокинон ба ҳашари дастаҷамъона баромада, ҷӯйборҳои обрави назди хонаҳои истиқоматиро аз партовҳо тоза намуда, роҳҳои дохили деҳаро ҳамвор ва сангфаршу чароғон карданд.