БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БАРОИ ОБОДИИ САРЗАМИНИ АҶДОДИАМОН КАМАРИ ҲИММАТ МЕБАНДЕМ!

ЛЕВАКАНТ. Ба истиқболи  ҷашни сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Озода»  оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ хониши сиёсӣ доир гардид.  

Дар вохӯрӣ намояндагони  Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб   иштирокдошта, қайд намуданд, ки ҳадаф аз доир намудани ин гуна чорабиниҳо асосан баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандии аҳолӣ, ҷалби ҳарчӣ бештари онҳо дар пешбурди корҳои ободониву созандагӣ ва истиқболи шоиста аз 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Дар қисмати амалии Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!»  ҷамъомадагон ба тоза кардани назди бино аз партов, нарм намудани бехи дарахтон, шинонидани ниҳолҳои  ороишиву сояафкан машғул шуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg