БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БО ҚУВВАИ ХУДАМОН ВА БО ҲИДОЯТИ ҲХДТ РОҲҲОЯМОНРО САНГФАРШ МЕНАМОЕМ!

ПАНҶ. Ба истиқболи сазовори ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатӣ. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳизби мардумӣ буда,  дар асоси ормонҳои халқи шарифи кишварамон таъсис ёфтааст. Имрўз ҳизб қувваи бузург дорад. Аксари намояндагони он дар ҷомеа  нуфузу мақоми хосса доранд ва дар  маҷмўъ, нерўи пешбарандаи сиёсии кишварамонро ташкил медиҳанд. Ин ҳизб ҳизбест, ки амонати  миллатро кафолат медиҳад.

Намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ вохўрии навбатии худро дар ташкилоти ибтидоии хоҷагии тухмипараварии ба номи Эмомалӣ Раҳмони ноҳияи Панҷ оғоз намуданд.

Зимнан қайд шуд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба роҳбарии Раиси муаззами он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи рушди босуботи кишвар ва таъмини зиндагии шоистаи мардум бо пешниҳод намудани ҳадафҳои ободкоронаю созанда ҳамарўза саъю талош меварзанд.

Вобаста ба татбиқи қисмати амалии Аксияи тарғиботӣ-амалӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!»  бо ташаббуси раиси ташкилоти ибтидоӣ Ханҷаев Раҷабалӣ сокинони маҳал дар тозаю озода намудани қабристони маҳалла ва сангфарш кардани 3 километр роҳҳои маҳалла ба ҳашари умумӣ  баромаданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg