МӮЪМИНОБОД. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии «Лиҷаки боло» оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ мулоқот баргузор гардид.
Нахуст, намояндагони Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб дар назди сокинон дар бораи сиёсати бунёдкоронаи давлату ҳукуммат суханронӣ карда, аз ҳар яки онҳо ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои роҳбарияти олии ҲХДТ ва таҷлили сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ даъват ба амал оварданд.