БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ОГОҲОНИДАНИ ҶОМЕА АЗ ХАТАРҲОИ ҲИЗБУ ҲАРАКАТҲОИ ИРТИҶОӢ

КӮЛОБ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Бо мақсади огоҳонидани ҷомеа аз хатарҳои ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Роҳи оҳан” бо иштироки аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ вохӯрӣ анҷом дода шуд.

Зимни мулоқот муовини раиси Кумитаи иҷроияи шаҳрӣ  Фирӯзи Саидмӯъмин қайд кард, ки тақвият ёфтани ташкилотҳои радикалии исломӣ ва террористӣ, ки истифода аз эътиқоди динӣ, тарсонидан ва хушунатро ҳамчун як воситаи муҳим барои татбиқи манфиатҳои худ пайгирӣ мекунанд, боиси нигаронии ҷиддии ҷомеаи ҷаҳонӣ гаштааст.

Дар охири маҷлис таъкид шуд, ки ҳар як шаҳрванд низ дар навбати худ ҳамчун нафарони содиқ ба Пешвои миллат талош бар он намоянд, то он ҳама масъулияте, ки дар роҳи ҳифзи манфиатҳои миллӣ ба ӯ бовар кардаанд, сарбаландона иҷро намоянд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg