БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ХИЗМАТ ДАР САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ МОЯИ ИФТИХОР ВА САРБАЛАНДИСТ

ҚУБОДИЁН. Дар доираи  Соли баланд баордоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар деҳаи Шоғарави ҷамоати деҳоти ба номи Носири Хусрав бо аъзои ташкилоти ибтидоӣ хониши сиёсӣ дар мавзӯъи “Хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ мояи ифтихор ва сарбаландист” баргузор гардид.  

Ваҳобуддин Абдуллоев корманди Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ  дар суханронии худ дарҷ намуд, ки тақдири миллат, ободиву осудагӣ ва ҳифзи марзу бум аз ҳар як сокини кишвар вобастагии калон дошта, ватандӯстӣ аз ҳифзи марзи Ватан оғоз мегардад. Яке аз рукнҳои муҳимтарини давлатдорӣ ва сипари боэътимоди ҳар як давлати соҳибистиқлол Қувваҳои мусаллаҳи он мебошад. Ҳар як ҷавони ба синни даъват расида бояд донад, ки адои хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон қарзи фарзандӣ ва имониву виҷдонии ҷавонмарди банангу номус буда, барои хизмат дар қисмҳои низомӣ тамоми шароитҳои моддиву маишӣ фароҳам оварда шудааст.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg