![](http://hhdtkhatlon.tj/sites/default/files/styles/medium/public/field/image/20190406_095856.jpg?itok=H4NJNaEH)
ЁВОН. Ба истиқболи ҷашни сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ. Дар доираи корҳои созандагию кабудизоркунӣ ва роҳандозии Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» ва истиқболи сазовори ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Ориёӣ» зиёда аз 400 метр роҳҳои дохили деҳаи Даҳанаи ҷамоати деҳоти Даҳана сангфарш карда шуда, мардуми деҳа бо истифода аз рӯзҳои офтобӣ заҳбуру заҳкашҳоро аз партову лойқа тоза намуда, ба шинонидани дарахтони ороишӣ ва ҳамешасабз машғул шуданд.