ДАНҒАРА. Дар доираи соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Корез”-и деҳаи Корез хониши сиёсӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ баргузор гардид.
Дар хониши сиёсӣ Каримов Пирмаҳмад раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дар бораи сиёсати хирдамандонаи Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон андешаронӣ намуд.
Инчунин, мавсуф дар идома сокинонро барои саҳм гузоштан дар корҳои ободониву созандагӣ ҷиҳати сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30- солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” даъват намуд.