БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҳунарҳои мардумӣ аз нав эҳё мегардад

ТЕМУРМАЛИК. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик бо коллективи омӯзгорони деҳаи Танобчии поёни ҷамоати деҳоти Танобчӣ вохӯрӣ баргузор гардид, дар баробари ташвиқу тарғиби самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, инчунин қабули аъзои нави ҲХДТ дар колективи меҳнатӣ баррасӣ карда шуд.

13.jpgДар мулоқот раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик Раҷабзода Маҳмадсаид иштирок ва суханронӣ карда, самтҳои афзалиятноки фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро ба иштирокдорон фаҳмонида, қайд кард, ки шарҳу тавзеҳ ва татбиқи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тарғиби тарзи ҳаёти солим, тарбияи ҳарбӣ- ватандӯстӣ, тарғиби фарҳанги миллӣ ва пешгирии майли бегонапарастӣ, муборизаи идеологӣ бар зидди терроризм, экстремизм, баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия ва амсоли инҳо аз самтҳои аввалиндараҷаи фаъолияти мо ҳизбиён мебошад.

Инчунин, мавсуф зикр намуд, ки тибқи талаботҳо ташкилоти ибтидоии мазкур «Чароғи маърифат » номгузорӣ карда шуда, бо пешниҳоди раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик Раҷабзода Маҳмадсаид Моҳигул Валиева раиси ташкилоти ибтидоии навтаъсиси «Чароғи маърифат» дар деҳаи Танобчии поён интихоб карда шуд. 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg