ВАХШ. Ба истиқболи сазовори ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатӣ. Дар ташкилоти ибтидоии «Гулбоғ»-и ҷамоати деҳоти Ваҳдат оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрии судманд доир карда шуд.
Дар вохӯрии баргузоргардида муовини раис-мудири шуъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирии Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб Ҷалилов Исмоил иштирок дошта, зикр намуд, ки Пешвои миллат дар Паёми имсолаашон ироа намуданд, ки бо мақсади вусъат бахшидан ба ҳалли масъалаҳои зикршуда ва бо дар назардошти зарурати инкишофи инфрасохтори деҳот пешниҳод менамоям, ки солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳї ва ҳунарҳои мардумї» эълон карда шавад.
Сипас иштирокчиён дар қисмати амалии Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” ба тозаву озода намудани ҷӯйборҳои обрав машғул шуданд.