Ҷ.БАЛХӢ. Ба истиқболи сазовори ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатӣ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Ҷовидон"-и ҷамоати деҳоти Фрунзе бо иштироки мудири шуъбаи ташкили ва баҳисобгирии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Содиқова Меҳрубон хониши сиёсӣ баргузор гардид.
Дар хониши сиёсӣ оид ба ҳаллу фасли мушкилоти мардум дар маҳали зист ҷойдошта ва дар ин замина сафарбар кардани аҳолӣ ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ, ободу зебо гардонидани деҳот, бунёди бунгоҳҳои тиббӣ ва дигар иншоотҳои хизматрасонӣ дар доираи Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” ҷиҳати сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатӣ суханронӣ намуд.
Дар қисмати амалии Аксияи ҳизбӣ сокинони маҳалла дар чорабинии сангфаршнамоии роҳи ҳудуди маҳал саҳм гузоштанд.