КУШОНИЁН. Ба истиқболи ҷашни сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ. Дар амалӣ намудани Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” бахшида ба сазовор пешвоз гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилоти ибтидоии деҳаи “Дӯстӣ”-и ҷамоати шаҳраки Бохтариёни ноҳияи Кушониён бо сокинон корҳои ободонӣ доир карда шуд.
Иштирокдорон дар он рӯз гирду атрофи маҳали зист ва оромгоҳи деҳаро ба тартиб дароварда, 1000 метр роҳи байни деҳаро бо тариқи ҳашар сангфарш намуданд.