БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

СЕМИНАР-МАШВАРАТИ ҲИЗБӢ БО ФАЪОЛОН ДАР НОҲИЯИ ҶАЙҲУН!

ҶАЙҲУН. Дар доираи “Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ”. Дар доираи ҷадвали тасдиқнамудаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон бо раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии корхонаву муассиса ва деҳаю маҳаллаҳо, вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия ва имомхатибони масҷидҳои ҷомеъу панҷвақтаи нохияи Ҷайҳун оид ба амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон, ки дар маҷлиси Кумитаи иҷроияи Марказӣ санаи 7 феврали соли 2019 баён доштанд семинар-машварати ҳизбӣ баргузор гардид.

Дар кори он раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ, Узви Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун, раиси ноҳияи Ҷайҳун Аминзода Фотеҳи Файзулло, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Ҳасанзода Тағоймурод, ва ҳамчунин кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Ҳусейнзода Навруз ва Амирзода Аловуддин иштирок доштанд.

Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ - дар баромади худ қайд намуданд, ки бо мақсади дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Маҷлиси Кумитаи иҷроияи Марказӣ санаи 7 феврали соли 2019 баён доштанд ва дигар масъалҳои дохили ҳизбӣ ин семинар-машварат аз тарафи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ба нақша гирифта шудааст.

Гузашта аз ин Раҳмонзода Абдулло оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ муфасал суханрони намуда, иброз доштанд, ки ба таъкиди Раиси ҳизбамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, боло бурдани обру ва нуфузи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон вазифаи ҷонии ҳар як аъзои ҳизб мебошад. Имрӯз ҳизб ба қувваи бузург табдил ёфтааст, ки ҷиҳати ҳалли саривақтии мушкилоти мардум бояд расидагӣ кунад.

          

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg