Н.ХУСРАВ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ бо раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, имомхатиб ва хатибони масчидҳои панҷвақта, раисони деҳаю маҳаллаҳо семинар –машварати ҳизбӣ доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ баргузор гардид.
Раҳмонзода Абдулло ба иштирокдорони семенар-машварат оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷиҳати боз ҳам густариш додани иртибот бо мардум, ҷалби оммаи васеи сокинон дар амалӣ намудани ҳадафу мақсадҳои созандаи ҳизб, татбиқи ҳадафу вазифаҳои сохторҳои ҳизбӣ бо ҷалби сокинон дар саҳм гузоштан дар таҷлили сазовори 30- солагии Истиқлолияти давлатӣ, барои ташкилотҳои ҳизбии вилоят эълон гардидани «Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ» муфассал суханронӣ намуд.
Вакилони маҷлисҳои маҳаллӣ вазифадор гардиданд, ки доир ба амалҳои ноҷавонмардона ва маводҳои муғризонаи гурӯҳхои террористиву экстремистӣ, аз ҷумла ТТЭ ҲНИ, Гурӯҳи-24, анҷумани озодандешони тоҷик, «Паймонӣ миллӣ», ки дар хориҷи кишвар тариқи шабакаҳои интернетӣ ҳар гунна иғвою хабарҳои бардӯрӯғ пахш намуда, обрӯи кишвар ва фарзандони бедордилу ватандӯсти моро, паст мезананд, бетараф набошанд, барои саркубу хомӯш намудани туҳмату буҳтонҳои онҳо вокунишҳои фаврӣ пешниҳод намоянд.
Дар қисмати амалии Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» дар ташкилотҳои ибтидоии “Рӯзиобод” ва “20- солагии Истиқлолият” роҳандозӣ карда шуда, дар он сокинон ба корҳои тахту ҳамвор кардани роҳҳои деҳаҳо машғул шуданд.