БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲАДАФИ ҲХДТ РОҲНАМОИИ МАРДУМ БА КОРҲОИ СОЗАНДАГӢ ВА БУНЁДКОРӢ МЕБОШАД!

ПАНҶ. Ба истиқболи сазовори ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатӣ. Дар маҳаллаи Шоҳмот-1-и ҷамоати деҳоти Озодагон бо аъзо ва ҷонибдорони ҳизб  вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар мулоқот Файзиев Каримҷон- раиси Кумитаи иҷрояи ҲХДТ дар ноҳия, Атавуллоева Зебунисо -мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонон, Ғафуров Сайдамир- мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва Ҷабборов Қадриддин раиси ташкилоти ибтидоии Шоҳмот-1 иштирок дошта, дар доираи ҳадафҳои барномавию Оинномавии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ дар ростои эълон гардани Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ андешарони карданд.

Барои расидан ба мақсадҳои зикршуда ҳамзамон бо ин, ҷиҳати муаррифии мавзеъҳои нодири сайёҳӣ, ҳифз, инкишоф ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ, ҳайвоноту наботот ва мероси таърихиву фарҳангӣ, фароҳам овардани шароит барои сайёҳии экологӣ, табобатӣ, варзишию шикор ва кӯҳнавардӣ Ҳукумати кишвар  тадбирҳои иловагиро меандешад. Ҳамзамон дар иҷрои ин дасутуру супоришҳои давлату Ҳукмат ҳизбиён низ бо масъулияти баланди ватансозӣ дар ободонию бунёдкорӣ саҳмгузор бошанд.

Дар охир раиси ташкилоти ибтидоӣ Ҷабборов Қариддин иброз дошт, ки ҷиҳати роҳандозии  Аксияи тарғиботӣ-ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» бо қувваи сокинони маҳал  3км заҳбури маҳалларо аз партовҳо тоза намуда, дар ду шафати он дарахтони сояафкан шинонанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg