БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҚОНУНИ ТАНЗИМ РАСМУ ОИН ВА ҶАШНУ МАЪРАКАҲОИ ҲАР ЯК ХОНАДОНРО БА НИЗОМ ДАРОВАРД

КӮЛОБ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маорифчиён” бо иштироки аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ доир ба самтҳои фаъолияти ҳизбӣ мулоқот доир карда шуд.

Саёҳат Самадзода мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроия дар мулоқот оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ суҳбат намуд.

Мавсуф қайд кард, ки яке аз иқдоми муҳимми роҳбари олии кишвар, ки ба рушди давлат ва мустаҳкам намудани заминаҳои сиёсиву иҷтимоии он мусоидат намуд, ин қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” мебошад.

Зимни суҳбат таъкид шуд, ки аз маъракаороии намоишкорона дида, аввал шароити зиндагии худро беҳтар гардонем ва баъдан ба ятимону барҷомондагон ва оилаҳои ниёзманд дасти ёрӣ дароз намоем.

Дар фарҷом барои дар амал татбиқ намудани Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” ба нафар оилаи ниёзманд кӯмак аз лиҳози маводҳои ғизоӣ расонида шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg