![](http://hhdtkhatlon.tj/sites/default/files/styles/medium/public/field/image/20190402_094953.jpg?itok=ShtoOOHl)
ҚУБОДИЁН.Бо аъзои ташкилоти ибтидоии “Ҷоназартеппа”-и ҷамоати деҳоти ба номи Носири Хусрави ноҳия корҳои ободонӣ дар доираи Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” доир карда шуд.
Сокинони деҳа дастаҷамъона ба тариқи ҳашар тасмим гирифтаанд, ки кӯчаҳои деҳаро, ки солҳои охир дар натиҷаи боришот фарсуда гардида, боиси мушкилии аҳолӣ мешуд, сангфарш намуда, пас аз он пурра шағалпӯш карданд.