БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Истифодаи самараноки замин ва роҳҳои ба даст овардани даромади хуб

Ҷ. БАЛХӢ. Бо ташаббуси якҷоягӣ Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ва Ташкилоти ҷамъиятии «Ҳуқуқ ва рушди ҷомеаи деҳот»  бо мақсади ҷалби занон ба корҳо заминдорӣ ва баланд бардоштани нақши онҳо дар ислоҳот ва истифодабарии замин тренинги яксола бо фарогирии занони маҳаллаҳои ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия баргузор гашта истодааст. DSC00052.JPG

Бо ин мақсад  16 феврали соли равон дар маҳаллаи А.Дӯстов ҷамоати деҳоти Халеварди ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ тренинги навбатӣ баргузор гардида, занони маҳаллаҳои ҷамоати деҳот ва фаъолон иштирок намуданд. Дар рафти тренинг ба занон оид ба ҳуқуқҳояшон дар самти ба заминдорӣ, тарзи дурусти истифода ва корбарии он, истифодаи босамари замин ва роҳҳои даромади хуб,  ба даст овардан аз кишти зироатҳо ва бо ин роҳ баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ маълумотҳои муфассал ва маслиҳатҳои муфид пешниҳод карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg