ВОКУНИШ. Душманони миллат - саркардагони Ҳизби наҳзати ислом ба доми фиреби хоҷагони хориҷиашон афтода, барои нафси баду расидан ба мансабҳои баланди давлатӣ ғуломи ҳалқабаргӯши онҳо гардида, дигар натавонистанд, ки аз хати кашидаи онҳо берун бароянд. Ҳамин тавр дар асоси дастуру супориш ба сари мардуми азияткашидаи тоҷик ҷанги таҳмилиро бор намуданд, ки дар натиҷа ҳазорҳо одамон кушта ва бехонумон гардиданд. Хисороти молӣ, ҷонӣ ва маънавие, ки сокинони кишвар аз ин ҷанг диданд, муқоисанашаванда мебошад.
Вақте беихтиёр он рӯзҳоро ба ёд меоранд, дуо мекунанд, ки дигар он рӯзҳои мудҳиш, он ваҳшониятеро, ки мардум бо чашмони сари худ диданд, фарзанди инсон набинад.
Бо ҳамаи ин нигоҳ накарда, роҳбари ин ҳизби террористӣ Муҳиддин Кабирӣ хориҷ аз кишвар истода, дар ҳаққи давлату миллат, Сарвари кишвар суханони дурӯғу буҳтонро паҳн намуда, бо ин роҳ мехоҳад, ки зиндагии осоиштаи мардумро халалдор созад. Мардум дар ҳамин ҳолат ва дар ҳамин маънӣ дуруст гуфтаанд, ки “Кӯлухи қоқ дар девори қоқ намечаспад”. Яъне ба сафсата ва дурӯғбофиҳои Кабирӣ ва Кабиричаҳо касе бовар намекунанд ва вақте онро дар сомонаҳои интернетӣ мутолиа менамоянд ва ё мешунаванд, дар ҳаққашон дашноми обдоре мефиристанд. Одамон “нимтаи нон роҳати ҷон” гуфта шукр мекунанд, вале Кабирии баднафс ба бозору заводу даҳҳо корхона қаноат накард. Зеро чашми танг, дили танг, ҷаҳонбинии танг дошт.Чашми танги ӯро қаноат пур карда натавонист, албатта аз хоки гӯр пур мешавад.
Бисёр касон шоҳидӣ медиҳанд, ки одамони бад дар дами марг аз карда пушаймон мешаванд. Бисёр хоҳиш мекунанд, ки тавбаи ӯро бипазиранд ва гуноҳашро бибахшанд, то ки ба осонӣ дунёро паруд гӯяд.
Ман бо боварӣ гуфта метавонам, ки Кабирӣ ва ҳамроҳонаш дер ё зуд аз карда пушаймон мешаванд. Агар зудтар пушаймон шаванду дар назди қонун ҷавоб гӯянд, бо сахтӣ, бо азоб ҷон намедиҳанд. Ин ҳам барояшон давлат аст. Агар дер, дар сакароти ҷон додан пушаймон шаванд, вой бар ҳолашон. Ҷон додани онҳо барои онҳое, бо роҳи хато, ғайрирои мардум рафтор мекунанд, дарси ибрат мегардад.
Ғайратшоҳ Тоиров, узви гурӯҳи вакилии ҳизбӣ дар Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ховалинг аз ҳавзаи интихоботии № 26