АНДЕША.Қайд кардан ба маврид аст, ки нақши фарҳанг, ташвиқоту тарғиботи таълиму тарбияи насли наврас дар ҳамин раванд дар таҳкими эҳсоси ватандорӣ, худшиносии миллӣ, эҳтиром ба таърихи ниёгон ва дар пешгирӣ аз низоъҳои иҷтимоӣ ниҳоят бузург аст. Беҳуда нест, ки қувваҳои манфиатҷӯй дар оғози амалҳои ғаразноки худ аввал арзишҳои фарҳангӣ-маънавиро коҳиш дода, фалаҷ месозанд, баъдан ҳисси нобоварӣ ва таҳдид намуда, ба амалҳои зишт ва хавфноки худ даст мезананд.
Сабаби пайдоиш ва паҳн гардидани ин гуна падидаҳои номатлуб аз он шаҳодат медиҳад, ки бехабар будан аз маърифати ҳуқуқӣ ва худшиносӣ, таълиму тарбияи нокифояи насли наврас, хусусан ҷавонон боиси шомил шудани онҳо ба гуруҳи ифротгаро мегардад. Дар чунин вазъият масъулияти азими таърихӣ ва рисолати шаҳрвандии истиклолияти миллӣ ва осоиштагии ҷомеаи худро аз чунин пайомадҳои манфӣ ва таъсири қувваҳои моҷароҷӯ эмин нигоҳ дорем.
Ба қадри неъмате чун истиқлолияту давлатдории миллӣ расидан арзишҳои муқаддастарини давлату давлатдориро дарк намудан ва пос доштани онҳо ин ҳам қарз, ҳам масъулият ва ҳам шарафу номуси ватандорӣ, ҳам ифтихор аз давлату миллати хеш ва ҳам таълошу заҳмати ҳар фарди бедордили ҷомеа баҳри худшиносӣ, маърифат ва фарҳанги волои миллӣ аст.
Дар ибтидои асри ХХ1 падидаи ҷаҳонишавӣ рушд намуда, муносибатҳои нави иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсӣ байни халқҳову давлатҳо барқарор гардиданд. Аз тарафи дигар, мутаасифона падидаҳои номатлуб, аз қабили ифротгароиву экстремизми динӣ, терроризми байналхалқӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар падидаҳои номатлуб дар ҷомеаи мо реша ронданд. Мафкура ва андешаҳое, ки ба қонуну қоидаҳои ҷамъият созгор нестанд ва зидди онҳо арзёбӣ мегарданд «ифродгароӣ» - «экстремистӣ» ҳисобида мешаванд. Максади ибтидоии терроризм халалдор сохтани амнияти ҷамъиятӣ, тарсонидани одамон, ба воҳима ва таҳлука овардани аҳолӣ равона буда, тавассути он фишор овардан ба мақомоти давлатӣ мебошад. Чунин ҳаракатҳо мақсади ниҳоии чинояткоронро чун мачбур сохтани мақомоти давлатӣ барои кабули қарори ғайриҳуқуқӣ, ки ба манфиати онҳост ва ё бо мақсади резонидани обрӯ ва манзалати мақомоти давлатист нишон медиҳад. Агар дар ҷомеа ягон равияи диниро бархилофи моҳияти аслии дин маънидод кунем ва ба ҳаракати радикалии сиёсӣ табдил диҳем, ифротгароӣ ва экстремизми динӣ ба вучуд меояд.
Дар ин миён нақши интернет дар ҷалбсозии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву ифротӣ назаррастар аст. Чунки, созмон, гурӯҳ ва ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстримистии аз номи ислом баромадкунанда дар даҳ соли ахир дар интернет (сомонаҳо, блокҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва мессенҷерҳо) дар пешбурди фаъолиятҳои террористию экстремистии хеш ба «муваффақиятҳои чашмрас»-е ноил гаштаанд.
Тибқи таҳлилу гузоришҳо махсусияти интернет дар ҷалби ҷавонон ба созмону гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ дар он зоҳир мегардад, ки қисмати бузурги аудиторияи ҳаррӯзаи манбаъҳои онлайниро ҷавонони аз 30-сола поён ташкил медиҳад ва истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоиро бошад, наврасону ҷавонони аз сини 14 то 20-сола, махсусан, хонандагони макотиби таҳсилоти умумиву олӣ ташкил менамоянд.
Аз ин рӯ, созмонҳо ва ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ ба интернет рӯ оварданд, чунки интернет барои ҳама дастрас буда, ҳар нафари хоҳишдошта дар ҳар ҷо ва дар ҳама ҳолатҳо метавонад аз он истифода намояд, омӯзад, омӯзонад, нависад, тиҷорат намояд, ба таблиғоту ташвиқот машғул гардад ва ба таври онлайниву ғайрионлайнӣ, видеоиву аудиоӣ ва навишториву аксӣ анҷом диҳад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид ба таъкид изҳор медоранд, ки дар атрофи ғояи Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол- Ватани маҳбуби ҳаммаи мо муттаҳид намудани тамоми гурӯҳҳо ва қишрҳои ҷомеаи кишвар ҳадафи мо мебошад. Асос ҳамин Ваҳдат аст. Миллати тоҷикро худшиносию таҳаммулпазирӣ ба хушбахтию саодат овард.
Моро мебояд, ки лаҳзае аз ёди Ватан дур набошем, ватандорию ватансозиро вазифаи муқаддас бидонем. Зеро оянда ба пойдории ин давлату мардуми тамаддунсозаш аз кирдор ва ҷаҳду талошҳои ҳар яки мо вобаста аст.
Файзиев Каримҷон-узви Гурӯҳи вакилии ҲХДТ дар Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Панҷ