ШАҲРИТУЗ. Ба истиқболи сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ Хониши сиёсӣ дар ташкилоти ибтидоии «Кӯмаки иҷтимоӣ»-и ноҳия доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ баргузор гардид.
Дар он раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ Шаропов Ҳомидҷон дар бораи сиёсати ҳадафҳои созандаи ҳизб андешаронӣ карда, ҷамъомадагонро барои саҳм гузоштанд дар корҳои ободонӣ бахшида ба истиқболи сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ раҳнамоӣ намуд.
Ҳамзамон, бо дастгирии ташкилоти ибтидоӣ хонаи истиқоматии маъюби гурӯҳи 2 Носиров Мирзобек таъмиру рангубор карда шуд.