БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Маъюбон зери таваҷҷуҳи доимии ҲХДТ карор доранд

ҶАЙҲУН. Ба истиқболи сазовори ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатӣ. Дар ташкилоти ибтидоии «ҶДММ Башардуст»-и ноҳия бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун бо иштироки муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун чорабинии ҳизбӣ баргузор гардид.

Дар рафти чорабинӣ масъулин вобаста ба масъалаҳои муҳими рӯз муфасал суханрони намуда, иброз доштанд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мубориза бар зидди ифротгароӣ ва тундгароӣ «Стратегияи миллӣ оид ба мубориза бар зидди экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016–2020»-ро тасдиқ кард, ки бар асоси он мубориза бар зидди ифротгарои ва инчунин зӯроварӣ дар оила пурзӯр карда мешавад. Таваҷҷуҳи Пешвои миллат ба проблемаи мазкур бесабаб нест. Маҳз ифротгароӣ ва тундгароӣ боис гаштаанд, ки Сурия, Ироқ ва Афғонистон гирифтори бозиҳои абарқудраҳои ҷаҳонӣ шудааст.

Дар доираи Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем» аз ҷониби ташкилоти ибтидоии «ҶДММ Башардуст» ба 3 нафар шахсони маъюб кӯмакҳои моддӣ расонида шуд. Ҳамчунин дар доираи ин Аксия ба яке аз ин маъюбон аробачаи маъюбӣ тақдим карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg